Протоколҳои клиникӣ оид ба пешбурди бемориҳои асосии роҳҳои нафас дар сатҳи муассисаҳои КАТС\ Аз аломатҳо ба ташхис

Пешгуфтор

Дарсаросариҷаҳоназ 56,4 млн. фавт, ки соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, зиёдаазнисфион (54%) тавассути10 бемориҳои асосӣ мебошад, ки як аз онҳо бемориҳоисилсилаишушҳовабронхҳоба ҳисоб меравад.

Сирояти роҳҳои поёнии нафас ҳамчун бемории сироятии марговар боқӣ мемонад, ки  соли 2015 дар ҷаҳон 3,2 миллион нафар шахсон аз ин беморӣ фавтидаанд. Шумораи фавтидагон аз бемории сил коҳиш ёфтааствале то инҷониб он ба рӯйхати сабабҳои асосиифавтаз рӯи 10 беморӣдохил мешавад, ки 1.4 миллион умри инсониро аз байн бурдааст.

Бемориҳои шадид ва музмини роҳҳои нафас, аз ҷумла бемории сил ҳамчун мушкилоти воқеии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.Илова бар ин дар солҳои охир зиёдшавии шумораи бемориҳои роҳҳои нафас ва шаклҳои гуногуни бемории силба назар мерасад.Дар маҷмӯъ сатҳи беморшавӣ бабемориҳои силсилаишушҳовабронхҳодар кишвар 4703.1 ба 100000 аҳолӣ ташкил менамояд (Маҷмӯи ҳарсолаиоморӣ ВТҶТ, 2016с). Мушкилоти вобаста ба заҳмати баланди бемории мазкур ҳанӯз ҳам зиёд боқӣ мондаанд, махсусан дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ.

Бо мақсади расонидани кӯмаки тиббии босифатба беморони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас дар муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣПротоколҳои клиникии пешбурди бемориҳои асосии роҳҳои нафас дар сатҳи КАТС, ки соли 2012 таҳия шуда буд бо илова ва тағиротҳомувофиқи охирин маълумотҳои тибби исботшудааз нав дида баромада шудаанд.Протоколҳо дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва усулҳои табобат аз нишонаҳо ба ташхис таҳия карда шудаанд.Дар бисёр қисматҳои ин дастурамал шакли алгоритм барои стандартикунонии тадбирҳои табобатию пешгирикунанда тасвир шудааст. Протоколи мазкур барои кормандони муассисаҳои шабакаи кӯмаки авалияи тиббию санитарӣ пешбинӣ шудааст.

КП Беморихои роххои нафас точики\pdf

РУБРИКА: Дастурамалҳои клиникӣ