Протоколҳои клиникӣ оид ба пешбурди бемориҳои равонӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС

ПЕШГУФТОР

Бори гаронӣ ихтилоли равонӣ рӯ ба афзуншавӣ дорад ва дар саросари ҷаҳон таъсири намоёни худро дар соҳаи тандурустӣ мерасонад. Ин мушкилотҳо бо худ оқибатҳои ҷиддии соҳаи иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсонӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд меоранд. Соҳаи тандурустӣ ба таври кофӣ ҷавобгӯи ихтилоли равонӣ нест. Дар натиҷа дар саросари ҷаҳон як фарқияти калон байни эҳтиёҷот дар табобат ва кӯмаки расонидашуда ба амал меояд. Дар кишварҳои бо сатҳашон паст ва миёна ба беморони гирифтори мушкилоти равонӣ аз 76% то 85% ҳеҷ гуна табобат расонида намешавад. Дар кишварҳои тараққикарда дар чунин вазъият аз 35% то 50% шахсон бо чунин мушкилотҳои равонӣ мавҷуд мебошанд. Вақте ки нигоҳубини пешниҳодшуда одатан бо сифати кофӣ расонида намешавад масъала шиддат мегирад

Дар Нақшаи амалҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба солимии равонӣ барои солҳои 2013-2020 бо тасдиқи Ассамблеяи Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2013, ба солимии равонӣ дар таъмини беҳтаркунии саломатӣ барои ҳама нақши муҳим мебозад.

Нақша чор ҳадафҳои асосиро дарбар мегирад:

  • Баардоштани самаранокии идоракунӣ ва роҳбарӣ дар соҳаи солимии равонӣ;
  • Фароҳам овардани хизматрасониҳои ҳамаҷониба оиди табобат ва ҳифзи иҷтимоии мизоҷон бо ихтилоли равонӣ;
  • Татбиқи стратегияи баланд бардоштани самаранокӣ ва пешгирӣ;
  • Таҳкими (мустаҳкамкунии) тартиби иттилоотӣ, ҷамъоварии маълумот ва тадқиқотҳои илмӣ;

Барномаи амали Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба рафъи норасоӣ дар соҳаи солимии рӯҳӣ, ки ба таҳкими иқтидор бахшида шудааст, дар навбати аввал ба муассисаҳои тиббии ғайримахсус равона шудааст. Муносибати ҳамаҷониба бо афзалияти солимии равонӣ дар ҳамаи сатҳҳои хизматрасонии тиббӣ истифода бурда мешавад.

КП беморихои равони\pdf