ДАСТУРИ КЛИНИКӢ ОИДИ ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ ВОБАСТАГӢ АЗ ТАМОКУ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШАБАКАҲОИ МУАССИСАҲОИ КАТС ВА МАРКАЗҲОИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДА

УСУЛҲОИ ТАҲИЯИ ДАСТУР

 Дастури клиникии мазкур оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати вобастагӣ аз тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Конвенсияи чаҳорчӯбаи ТУТ оид ба мубориза бар зидди тамоку – нахустин шартнома дар таърих, ки  таҳти сарпарастии ТУТ қабул шудааст, таҳия карда шудааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ 21 майи соли 2003 қабул шуда, 27 феврали соли 2005 эътибор пайдо кардааст ва то имрӯз 168 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дар дастури клиникии мазкур тавсияҳо аз дастури клиникии ТУТ оид ба табобати вобастагӣ аз тамоку ва ихтилолҳои рӯҳию иҷтимоӣ,  инчунин тавсияҳо аз дастурҳои клиникӣ мавҷудабуда пас аз мутобиқ намудан истифода бурда шудаанд (афзалият ба тафсирҳои Қирғизистон дода шудааст).

Оид ба ҳар як масъалаи муҳимии клиникӣ ҷустуҷӯи адабиётҳо бо мақсади муайян намудани манбаъҳои далели муосир  оид ба мавзӯъ, гузаронида шуд.

Заминаи исботшуда барои тавсияҳо нашрияҳо, ки ба китобхонаи Кокран, махзани маълумотҳои EMBASE ва MEDLINE дохил шуданд. Доираи тадқиқот 5 соли охир барои тавсияҳои табобатӣ ва 15 соли охир барои тавсияҳо оиди табобати рӯҳию равонӣ ташкил намуд.

Дастури клиники оид ба ташхис ва табобати вобастаги ба тамоку\pdf