Мизи мудаввар оид ба муҳокимаи мушкилиҳои раванди воридсозии ТМТ дар шаҳри Турсунзода дар МД “МҶТКТО” баргузор гардид

Бо мақсади татбиқ намудани таҳсилоти муттасили тиббӣ, санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ  мизи мудаввар оид ба муҳокимаи мушкилиҳои раванди воридсозии ТМТ дар шаҳри Турсунзода дар МД “МҶТКТО” баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки дар мизи мудаввар бо ҷалби Мушовири байналмиллалӣ Ренато Галетси, намояндагони “Лоиҳаи Таҳсилоти муттасили тиббӣ”, Муассисаҳои таълимии тиббии тодипломӣ ва баъдидипломӣ, колеҷи тиббӣ ва Ассотсиатсияи табибони оилавӣ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур оид ба раванди амалисозии ТМТ дар ш.Турсунзода дар байни мутахассисони тибби оилавӣ аз ҷониби гуруҳи мониторинги презентатсияҳо хонда шуданд. Инчунин доир ба фаъолияти сомонаи ТМТ намоиш дода шуд.