Маҷмўи ҷузъи ТО ва ҲТО

Портфолио (ҷузъгир)-и табиби оилавӣ

Ҳар як табиби оилавӣ, ки дар таҳсилоти муттасили тиббӣ иштирок мекунад бояд портфолио (папкаи шахсӣ), ки дар он ҳуҷҷатҳои асосӣ оид ба ТМТ нигоҳ дошта мешаванд, дошта бошад.

Ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи иштироки табиби оилавӣ дар чорабиниҳои ТМТ инҳоянд:

  1. Дафтари чорабиниҳои ТМТ (дар назди менеҷери КАТС, муовин оид ба тибби оилавӣ нигоҳ дошта мешавад);
  2. Китобчаи кредитии табиби оилавӣ (бо нишондоди шакли ТМТ, санаи баргузорӣ, мавзўъ, шумораи соатҳо ва имзои омўзгор/роҳбар):
  3. Шаҳодатнома, сертификатҳое, ки дар чорабиниҳои таълимӣ дода шудаанд;
  4. Маълумоти табиби оилавӣ, ҳисобот оид ба чорабинии таълимии гузаронидашуда;
  5. Нусхаи фармоиши ВТваҲИА ҶТ, роҳбари КАТС доир ба равонасозии ТО ба ҷаласаҳо ва вохўриҳои корӣ.

 

Портфолио (ҷузъгир)и ҳамшираи тибби оилавӣ

Ҳар як ҳамшираи оилавӣ, ки дар таҳсилоти муттасили тиббӣ иштирок мекунад, бояд папкаи шахсӣ, ки дар он ҳуҷҷатҳои асосӣ оид ба ТМТ нигоҳ дошта мешаванд, дошта бошад.

Ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи иштироки ҳамшираи оилавӣ (бародари тиббӣ) дар чорабиниҳои ТМТ инҳоянд:

  1. Дафтари чорабиниҳои ТМТ (дар назди менеҷери КАТС, муовин оид ба тибби оилавӣ нигоҳ дошта мешавад);
  2. Китобчаи кредитии ҳамшираи тибби оилавӣ (бародари тиббӣ) (бо нишондоди шакли ТМТ, санаи баргузорӣ, мавзўъ, шумораи соатҳо ва имзои омўзгор/роҳбар):
  3. Шаҳодатнома, сертификатҳое, ки дар чорабиниҳои таълимӣ дода шудаанд;
  4. Маълумоти табиби оилавӣ, ҳисобот оид ба чорабинии таълимии гузаронидашуда;
  5. Нусхаи фармоиши ВТваҲИА ҶТ, менеҷери КАТС оид ба равонасозии ТО ба ҷаласаҳо ва вохўриҳои корӣ.