ТМТ чист?

Таҳсилоти муттасили тиббӣ (ТМТ) – раванди таълим, ки дорои маҷмўи чорабиниҳои омўзишие мебошад, ки ба мутахассисони тибби оилавӣ имконияти азнавкунӣ ва мукаммалсозии дониши касбӣ ва малакаҳои амалии худро дар давоми ҳаёти касбӣ медиҳад. Чорабиниҳои омўзишӣ дар доираи ТМТ бояд гуногун бошанд, шаклҳо ва усулҳои гуногунро, ки ҳам дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳам дар ҷои корӣ ва мустақилона гузаронидашавандаро дарбар гиранд.